Хабарҳои охирин

Асосӣ » Натиҷаи Олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ аз фанни забони хориҷӣ
Санаҳои 19-20.02.2020 дар муассиса баҳри иҷроиши "Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ" Олимпиада аз фанни забони англисӣ байни синфҳои 3-4 баргузор гардид. Дар Олимпиада 8 нафар хонандагон иштирок намуда, сатҳу сифати дониши худро санҷиданд. Натиҷаи Олимпиада инро нишон дод, ки хонандагон аз ин фан дониши мукаммал дошта, барномаҳои таълимиро чанд зина боло аз худ кардаанд. Ҷойи якум ба хонандаи синфи 3А Мирсаидов Самандар дода шуд, ки дар ҳақиқат бо дониши худ доваронро дар ҳайрат гузошт. Ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 4А Пирматова Ниҳола ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 3А Юлдошев Темурҷон дода шуд. Омӯзгорон дар назди маъмурияти муассиса ваъда доданд, ки баҳри боз ҳам такмил додани дониши хонандагонашон ҷидду ҷаҳд намуда, онҳоро ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд омода созанд.
Дидан кард: 690 | Санаи иловашуда: 20 фев 2020

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Баротов Тоҳир - 595(хол)
  2. 2)Турсунматов Ҷавоҳир - 581(хол)
  3. 3)Хусаинов Элдор - 551(хол)
  4. 4)Точимуродов Бехзодчон - 515(хол)
  5. 5)Абдунабиев Сардор - 512(хол)
  6. 6)Мухсинзода Мубин - 508(хол)
  7. 7)Ҳомидов Ӯктамҷон - 508(хол)
  8. 8)Хусаинов Бобур - 501(хол)
  9. 9)Розикова Оиша - 494(хол)
  10. 10)Абдунабиев Хусрав - 492(хол)
  11. 11)Отабоев Давлатшех - 492(хол)
  12. 12)Бахтиёров Бектемур - 490(хол)
  13. 13)Шамсзода Абубакр - 489(хол)
  14. 14)Ҷаҳонов Асилбек - 487(хол)
  15. 15)Туракулов Чавохир - 486(хол)