Муассисаи мо

  1. Ояндаи ободу осудаи ҷомеа ва давлат аз фарзандони тарбиятдида, донишманду забондон, ҷаҳонбинии васеъдошта ва миллатдӯсту ватанпарвар вобаста аст. Танҳо миллати босавод метавонад дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.

  2. Эмомалӣ Раҳмон


     Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Акрам» (минбаъд муассисаи таълимӣ) дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа, кӯчаи А.Исмоилов №105, ҷойгир аст.
  Муассиси муассисаи таълимӣшаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - Юлдошев Олимҷон Акрамович, санаи таваллудаш 29.01 соли 1989, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа, кӯчаи И.Қосимов №13, мебошад.
    Муассисаи таълимӣ бо қарори Раиси ноҳияи Спитамен таҳти №469 аз 07.06 соли 2017 ба истифода дода шудааст. Муассиса дорои шаҳодатнома таҳти №0289373 дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии (хусусӣ) «Мактаби Акрам» буда, рақами ягонаи мушаххас: 5910005723-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мебошад ва дар бахши Раёсати ташкили бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Спитамен аз 13.06 соли 2017 ба сабти давлатӣ гирифта шуда, дар Нозироти андози ноҳияи Спитамен аз қайди баҳисобгирӣ гузаронида шудааст.
  Муассисаи таълимӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ(хусусӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №387 аз 02.07 сол 2009 тасдиқ гардидааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Оинномаи худро ба роҳбарӣ гирифта, фаъолият дорад. Муассисаи таълимӣ дорои иҷозатномаи (литсензия) силсилаи АУ №0002332 буда, бо фармоиши вазири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2413 аз 10.07 соли 2017 ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шудааст.
    Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ, раиси ноҳияи Спитамен А.Сулаймонзода ва дигар меҳмонон 1 сентябри соли 2017 баргузор гардидааст. Муассисаи таълимӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, дар он омӯзгорони соҳибтахассус аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои вилоят аз фанҳои дақиқ, забони русӣ, англисӣ, хитоӣ ва дигар фанҳо таълим медиҳанд. Мактаб дорои синфхонаҳои барҳавою бо системаҳои гармдиҳӣ ва ҳароратмутадилкунӣ буда, шароити хуби таълимӣ дорад, ҳар як синфхонаҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва техникаҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
    Дар муассиса барои донишомӯзии хонандагон китобхонаи электронӣ, майдончаи варзишии комплексӣ, барои гузаронидани маҳфилҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ маҷлисгоҳи васеъ ва ҳавлии кушоду зебо дошта, дар он ошхонаи мактабии замонавӣ, нақлиёти мусофиркашонии хизматӣ ва барои хонандагони дурдаст хобгоҳ амал мекунад.
    Мактаб аз соли аввали фаъолияташ дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок менамояд. Дар олимпиадаи ноҳиявӣ соли таҳсили 2017-2018 ҳамагӣ 12 нафар хонанда бо Ифтихорномаҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен сарфароз гардонида шудааст. Аз 12 нафар хонандагон дар олимпиадаи ноҳиявӣ 4 нафар ҷои аввал, 6 нафар ишғоли ҷои дуюм, 3 нафар ишғоли ҷои сеюм гардидааст. Муассисаи таълимӣ ба навтаъсис буданаш нигоҳ накарда, дар олимпиадаи ноҳиявӣ байни мактабҳои ноҳияи Спитамен ҷои 2-юмро ишғол намудааст, ки ин муваффақияти калон мебошад. Инчунин мувофиқи нақшаи таълим дар як ҳафта 2-3 чорабиниҳои беруназсинфӣ ташкил ва гузаронида мешаванд, ки дар он хонандагон фаъолона иштирок карда, дараҷаи ҷаҳонбинӣ ва саводнокии худро зиёд мегардонанд. Ҳамкории омӯзгору волидайн ва маъмурияту муассис бо дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда шуда, бо истифодаи назорати электронии таълим ҳар як масъалаҳои ба таълиму тарбия дахлдор аст, бо тезӣ ҳалли худро меёбад.

Мактаби «Акрам» кафили соҳибмаърифатии фарзандони Шумост!