Феврал

27

Санаи 21-уми феврали соли равон дар саҳни муассиса чорабинии ботантана бахшида ба 27- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал хонандагони синфҳои 10-11 бо роҳбарии омӯзгори омодагии ибтидои ҳарбӣ Мирашӯров Икром роҳгардии ҳарбиро дар саф пешкаши ҳамагон гардониданд. Баъдан хонандагони синфҳои поёнӣ шеърҳо дар васфи Ватан қироат намуданд. Инчунин саҳначаҳое, ки аз тарафи хонандагони синфҳои 3 -юм ва 9-ум намоиш дода шуд, дар дараҷаи баланди маънавӣ буда, нисбати тарбияи ватанпарастии хонандагон хело ҳам таъсирбахш буд. Чорабиниро суруди умумие, ки аз тарафи хонандагони синфи 4-ум суруда шуд, боз ҳам ранги тоза бахшид. Дар охир директори муассиса баромад намуда, оиди тарбияи ватандӯстиву ватанпарастии хонандагон, дар назди Модар - Ватан адо намудани қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон суханҳои ибратомез иброз намуда, ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур миннатдорӣ баён намуданд.
Феврал

21

Тибқи иҷрои нақша - чорабини ҳафтаи синфҳои ибтидоӣ имрӯз дар синфи 4А аз тарафи омӯзгори пуртаҷриба Сатторова Дилбар Манноновна дарси кушоди намунавӣ аз фанни табиатшиносӣ гузаронида шуд. Дарс ба таври салоҳиятнокӣ гузаронида шуда, дар ду гурӯҳ зиёда аз 12 намуд лаҳзаҳои шавқовари хотирмон ташкил карда шуд. Мавзӯи нави дарс, ки доир ба "Хокҳои Тоҷикистон" буд, омӯзгор ба пуррагӣ аз рӯи якчанд намуди айёниятҳо, бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим мавзӯъро ба самъи хонандагон расониданд. Хонандагон дониши мукаммал оиди ин фан дошта, фаъолияти худро хуб нишон доданд.
Феврал

20

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Бинобар дар амал тадбиқ намудани ин дастури раиси ҷумҳур, санаи 18.02.2020 дар муассиа баҳри дарёфти хонандагони болаёқату эҷодкор дар ин радиф озмуни "Математикадони беҳтарин" байни синфҳои 2-4 гузаронида шуд. Дар озмун 12 нафар хонандагон иштирок намуданд, ки ҷойи якум ба хонандаи синфи 4А Розиқов Исломбек, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 4А Раҳимов Беҳрӯз ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 2А Абдунабиев Сардор дода шуд. Маъмурияти муассиса омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки минбаъд бо ин хонандагон корбариро зич намуда, иштироки фаъолонаи онҳоро дар Олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмиллалӣ таъмин намоянд.
Феврал

20

Санаҳои 19-20.02.2020 дар муассиса баҳри иҷроиши "Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ" Олимпиада аз фанни забони англисӣ байни синфҳои 3-4 баргузор гардид. Дар Олимпиада 8 нафар хонандагон иштирок намуда, сатҳу сифати дониши худро санҷиданд. Натиҷаи Олимпиада инро нишон дод, ки хонандагон аз ин фан дониши мукаммал дошта, барномаҳои таълимиро чанд зина боло аз худ кардаанд. Ҷойи якум ба хонандаи синфи 3А Мирсаидов Самандар дода шуд, ки дар ҳақиқат бо дониши худ доваронро дар ҳайрат гузошт. Ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 4А Пирматова Ниҳола ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 3А Юлдошев Темурҷон дода шуд. Омӯзгорон дар назди маъмурияти муассиса ваъда доданд, ки баҳри боз ҳам такмил додани дониши хонандагонашон ҷидду ҷаҳд намуда, онҳоро ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд омода созанд.
Феврал

17

Имруз санаи 17.02.20 дар синфи 3-юм бо роҳбарии омӯзгор Қосимова дарси намунави дар мавзӯи "Асъори миллӣ - сомонӣ ва дирам" гузаронида шуд. Хонандагон дониши хуб дошта, супоришҳои пешкашшударо ба тезӣ иҷро намуданд. Якчанд лахзаҳои шавқовари дарс дида шуд. Хонандагон ӣатто саӣначае нишон доданд. Дар саӣнача одоби муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таблиғ карда шуд.
Феврал

17

Дар таърихи 17.02.2020 дар муассиса аз маҳфили забони чинӣ дарси кушод барои волидон пешкаш карда шуд. Маҳфил, ки бо мақсади ба хуби омӯхтани забони хитоӣ дар 3 гурӯҳ вобаста ба синну соли хонандагон бо роҳбарии омӯзгор Ахмедов Толибҷон ташкил карда шуд, хонандагон тавонистанд давоми 6 моҳ бо ин забон озодона муошират карданро омӯзанд. Омӯзгор дар ин соҳа таҷрибаи бой дошта, методикаи интихобкардаи ӯ мутобиқи талаботҳои замона мебошад. Дар натиҷа дарс манзури омӯзгорон гардид ва волидон низ аз дониши азхудкардаи фарзандашон шод гардиданд.