Сентябр

13

Дар муассиса санаи 13 сентябри соли равон озмун иншои беҳтарин дар мавзӯъи: "Ҷалолиддини Балхӣ-шоири ориф" байни хонандагони синфҳои 10-11 гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур ҳамаи хонандагони синфҳои10-11 фаъолона иштирок намуданд.Хонандаи синфи11Абдуқодирова Таҳмина ва хонандаи синфи 10 Мустафоева Дилноза ҷойҳои намоёнро ишғол карда, барои иштирок намудан ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Ноябр

26

Имруз дар муассиса омузгори чавон Миррахимова Фирузахон дар синфи 8а дарси кушод аз фанни химия гузаронид. Омузгор дар дарси худ усулхои фаъоли таълим ва аёниятхои шавковару гуногунмаксадро истифода бурд. Хамаи хонандагон фаъол буда, нисбати фанни химия шавку рагбати зиёд даранд. Мазмун ва мундаричаи дарс бо хаёти харрузаи хонандагон алокаманд буда, аз иштироки хонандагон маълум шуд, ки онхо зарурияти омузиши фанни химияро дарк кардаанд.
Ноябр

23

Имруз дар муассиса чорабинии умумимактаби бахшида ба Рузи парчам тахти унвони "Парчамат бодо парафшон" бо рохбарии чонишини директор оид ба тарбия Нуруллохучаева Муъминахон баргузор гардид. Хонандагон шеъру гуфторхо, раксу суруд ва сахнача бо номи "Коваи охангар" намоиш доданд. Чорабини дар сатхи баланди адаби-мусики гузаронида шуда, онро директори муассиса бо табрик намудани хонандагон бо Рузи парчами милли хусни анчом бахшиданд.
Ноябр

20

Имруз дар муассиса омузгори чавон Убайдуллоева дарси кушод аз фанни математика дар синфи 6 "А" гузаронид. Дар дарс маъмурияти мактаб, волидайн ва омузгорон иштирок карданд. Хонандагон бисёр фаъол буда, аз ухдаи хамаи супоришхои омузгор баромада тавонистанд. Омузгор дар дарс аз 15 намуд зиёд фаъолиятхоро истифода бурд. Хамчунин аз тахтаи электрони ва аёниятхои гуногунмаксади шавковар истифода бурд.
Октябр

09

Санаи 05.10.2018 дар МТУГ "Мактаби Акрам" озмуни даври якуми "Тирамохи заррин" баргузор гардид. Дар озмун се даста иборат аз 6 нафари хонандагони синфхои 8-11 иштирок намуданд. Хонандагон аз руи 6 шарт байни хам кувваозмои намуданд, ки дар натича дастаи "Борони тирамохи" голиб омада, ба озмуни нохияви роххат гирифт.
Октябр

09

Санаи 05.10.18 дар муассиса Рузи забон бо шукуху шахомати хосса баргузор гардид. Хонандагон тахти рохбарии омузгорони забон ва адабиёти точик дар сафороии пагохирузи барнома тахти унвони "Зихи забони модари" барпо намуданд, ки хамаи хонандагони муассисаро фаро гирифта буд. Хонандагон шеърхо, сахнача ва боз якчанд барномахои рангоранг пешкаш намуданд, чолиби диккати омузгорону хонандагон буд.