Хабарҳои охирин

Асосӣ » Лаҳзаҳои хотирмон аз дарси кушод
27-уми октябри соли ҷорӣ муаллимаи фанни забони англисӣ Ахмедова Зуҳро дар синфи 6 «А» дарси кушод гузаронид. Ҳадафи дарс — рушди шавқи хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ, такмили маҳорати суханронӣ, шунавоӣ ва ҳамкорӣ дар гурӯҳҳо буд. Дар ҷараёни дарс муаллима аз усулҳои муосири таълим, бозиҳои ҷолиб ва саволу ҷавобҳои фаъолона истифода бурд. Дар натиҷа, муҳити дӯстона ва шавқовар ба вуҷуд омад, хонандагон бо ҳавас иштирок карданд ва дониши худро нишон доданд. Дарси кушод бо сатҳи баланди ташкилӣ ва мазмунӣ баргузор гардид ва таҷрибаи хуби методиро пешкаш намуд.
Дидан кард: 141 | Санаи иловашуда: 29 окт 2025

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Ҳусайнов Бойирҷон - 137(хол)
  2. 2)Юлдошева Марзия - 100(хол)
  3. 3)Акмалзода Ахмадҷон - 27(хол)